БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷонибдории мардум аз сиёсати Пешвои миллат

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Истиқлоли» ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов оид ба эълон  гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» баргузор гардид.

Чорабинии ҳизбиро кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов Шоназриев Мирзо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Чориева Тамара аз наздик дидан намуданд.

Дар озмуни мазкур занону духтарони деҳот, аз ҷумла тоҷикону туркменҳо маҳсулоти дастранҷи худро, дӯзандагӣ ва бофандагиро ба маърази намоиш гузоштанд.  Дар қисмати чорабинӣ сиёсӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои  ҷаҳони муосир ва амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ, сафарбар кардани ҷавонони сини даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар охир бори дигар хотирнишон гардид, ки таваҷҷуҳи мардум нисбати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд гардидаасту онро ҷонибдорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg