БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи тарғиботӣ – амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия дар деҳаи Рахшонзамини нави ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ иштирок намуда, атрофи  татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвония “Якҷоя ҳал мекунем!” ва доир ба мавзӯъҳои моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон суханронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg