БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони ҳунарманди маҳал дар кадбонугӣ ҳамто надошта, барои зимистон маҳсулотҳои зиёд захира намудаанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва раиси деҳаи Шӯрбулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо сокинон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизӣ Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои баланд истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихору таърихии миллати тоҷик 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати боз ҳам пешрафтаву обдтар гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз даъват намуд.

Дар охир  занони ҳунарманди деҳа   маҳсули дастони хешро, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдузӣ, сабзавоту меваҷоти тару тозаи косервакунонидашуда, ки барои зимистонгузаронӣ захира кардаанд, ба намоиш гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg