БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниқоби ватанфурӯшӣ дар чеҳраи манфури Муҳиддин Кабирӣ

ХОВАЛИНГ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбат дар ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи роҳсозӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷамол Сатторов ва С. Алиев  оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин Саидҷамол Сатторов баромад намуда, аъзои ҲХДТ-ро ба муҳтавои он, аз ҷумла дастуру ҳидоятҳои аз Паём бароянда, истифодаи самараноки нерӯи барқ, хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, коррупсия бо мисолҳо шинос намуд.

 С.Алиев дар баромадаш аз амали террористии  дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омада ёдрас гардида, ҳозиринро ба фаъолияти душманонаи ТТЭ ҲНИ шинос кард. Қайд намуд, ки амали террористии номбурда бо дастури бевоситаи хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ба иҷро расонида шудааст. Мавсуф  иштирокдоронро дар мубориза бар зидди террористону ифротгароён ба ҳамкорӣ ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg