БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои дастӣ-завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамоянд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мулоқот доир  намуданд.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия  Раҳмонов Далер доир ба Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ,  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард.

Ҳамчунин,  дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди деҳа Раҷабова Зебо, Нозимова Тозагул, Исоева Гадобегим, Саидова Назирбӣ, ки дар деҳа маҳорати баланди ҳунармандӣ доранд,  ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охир мавсуф  занону бонувони ҳунарманди хушзавқу чирадастро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg