БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои дурахшон

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Маданият ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо занони ҳунарманди маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯри мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола  ва  муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии ”Маданият” Умарова Зумрат иштирок намуда,  оид ба эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти ҳунарҳои миллӣ дар байни занони ҳунарманди ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷалби бештари духтарон ба ҳунаромӯзӣ, пешгирии занон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, тайёр намудани ҷавондухтарон ба оиладорӣ, дарки муқаддасоти оила, сариштакорӣ дар оила, пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон, занону духтарон суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg