БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон Ватани анъанаҳои неку фарҳанги оламгир

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва дигар шахсони даъватӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ андешаронӣ кард.

Инчунин,  мавсуф  аз иқрори  Аёмиддин Сатторов, ки бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам” рӯи  навори шабакаҳои телевизионӣ ва дигар  рафтору амалҳои  муғризонаву хоинонаи ТТЭ ҲНИ  ёдовар шуда, ҷамъомадагонро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ,  ҳифзи дастовардҳои  соҳибистиқлолии кишвар ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои  он  раҳнамоӣ намуд.

Пас аз суханрониҳои судманд Сабоҳат Азизова  аз ҳунарҳои  занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки бештари онҳоро занони солхӯрда ташкил медод, дидан  намуд ва   ба онҳо  барои омӯзонидани ҷавонон  касбу ҳунарҳои  мардумӣ ва анъанаҳои неки ниёгонро маслиҳатҳо дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg