БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нисбати наҳзатиёни лаънатӣ нафрат доранд

ХОВАЛИНГ. Дар маҳаллаи Паранаки ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, кормандони Маркази ВИЧ/СПИД иштирок намуданд.            

Суҳбатро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Паранак» Сафар Абдуалимов кушода,  мақсади баргузории вохӯриро  ба ҳамагон  фаҳмонид.

Баъдан мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ёдовар шуда, қайд кард , ки иҷрои дастуру супоришҳои аз Паём ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бароянда вазифаи ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

Баромади вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 1 Фирдавс Мирзоалиев дар бораи хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ, амалҳои террористии аъзои ТТЭ ҲНИ, иқрори аъзои фаъоли ин ҳизб, аз ҷумла Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ( бо ном «генерали мардумӣ»), мубалиғ Айёмиддин Сатторов дар бораи амалҳои хиёнаткоронааш, амали террористии дар роҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дода, сенарияи хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Полша муфассал маълумот дод. Мо,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти зиддиинсонӣ, пешрафту тараққиёт, сулҳу оромӣ ва ҳаёти хушбахтонаи халқ нигаронидаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ва ба ҳамин монанд дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро маҳкум менамоем.  Мо ҳеҷ вақт чун солҳои навадум ба доми фиреби онҳо намеафтем, зеро ҳамагон кӣ будан ва чӣ мақсад доштани онҳоро аз об рӯшантар медонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg