БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табиб бояд дасту дили пок ва нияти беғараз дошта бошад

ҲАМАДОНӢ. Баҳри иҷрои нақша- чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлаталӣ Ғаффорзода дар беморхонаи сили ноҳия бо аъзову ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронид.

Зимни баромад Давлаталӣ  Ғаффорзода дар бораи баланд бардоштани маърифат  ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории сил  андешаронӣ карда, иброз дошт, ки табиб бояд дасту дили пок ва нияти беғараз дошта бошад.

Инчунин, мавсуф дар бораи фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, дар бораи  Аксияи тарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки барои беҳбудии рӯзгори  сокинон ва  шукуфоии Тоҷикистон азиз  равона карда шудааст, даъват  намуд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба иштирокдорон маводҳои табиғотии ҳизбиро дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg