БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маънавиёти ҷомеа муайякунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мо

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»-и  ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар  ҷамъомади мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  ибрози ақида кард. Аз он ҷумла ёдовар шуд, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа муайякунандаи сатҳи тамоми  ҷанбаҳои ҳаёти мо мебошад. Ҳар қадар маънавиёти  ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффвқиятҳо  ноил мегардад. Инчунин, дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg