БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои муқаррароти қонунҳо асоси зиндагии шоиста мебошад!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯрию мулоқот дар корхонаву муассисаҳо, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  корҳои  фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Фарҳангчиён» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” Исмоилзода Манучеҳр,  муовини раиси Кумитаи иҷроия Назарова Фароғат ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Исмоилзода Манучеҳр, мақсади ҷамъомадро ба ҳозирин фаҳмонида, сухани навбатиро ба Ватанзода Сайҷаъфар дод. Зимни  суханронӣ мавсуф қайд кард, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми роҳбарияти олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад.

Қонуни мазкур аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ, урфу одат, расму оин ва ҷашну маъракаҳо, ки рукнҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даровард. Ин оғози нек зиндагии сокинони кишварро ба маротиб беҳтар намуд, ба хону хонадони ҳар яки мо файзу баракат овард.

Дар охир аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён», ки саҳми худро дар чорабиниҳои фарҳангиву- сиёсӣ гузоштаанд, бо  Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg