БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳи мардум ба ҳунарҳои кадима меафзояд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин ҳамоиш хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд.

Нахуст, дар рафти чорабинӣ корманди масъули ҳизб баромад намуда, иброз доштанд, ки  тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оқилона ва одилона чунин садо дод: “Миллати тоҷик соҳиби ойину саннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Чорабинии мазкур бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg