БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фошкориҳои Эшони Қиёмиддин ва чеҳраҳои манфури наҳзатиёни қотил

ВОКУНИШ. Баромади Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва Абдураҳим Каримов (мулло Абдураҳим)-ро аз тариқи телевизион бо диққати том тамошо намудам. Гарчанде ки аз тахрибкориҳои аъзоёни ин ташкилоти терроистӣ, ки дар бесуботии кишвар ва ҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд, огоҳ бошам ҳам, баъди ин баромад чуҳраҳои манфури наҳзатиён боз ҳам рушантар гардид. Дар ҳақиқат рафтору амалашон бисёр нафратангез ва шармовар буд.
Наҳзатиҳо то сар задани ҳодисаҳои сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат, ки мақсад аз он табадулоти давлатӣ буд, мехостанд давлатро ба даст гирифта мардумро ба тадриҷ шиамазҳаб кунанд ва ҳамин тавр ба бозичаи дасти хориҷиён табдил диҳанд. Аз баромади ин таблиғгари №1-и наҳзат бармеояд, ки ин ҳизб аз ибтидои фаъолияташ хислати иртиҷоӣ дошта, ба раванди инкишофи сиёсӣ ва таҳкими принсипҳои давлатдорӣ халал ворид менамуд. Аъзоёни он дар давоми фаъолияти ҳизб дар асоси дастури хоҷагони хориҷӣ (чи тавре аз суханронии Сайид Қиёмиддини Ғозӣ бармеояд), бо тадриҷ дар ҷомеа фазои хурофотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят мехостанд давлатро аз тариқи табаддулоти ҳарбӣ ба даст биёранд, мардумро ба ҷангу хунрези кашанд, иқтисодиётро ба сифр баробар кунанд ва обрӯи Тоҷикистонро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ резонанд.

Исёни мусаллаҳонаи ҲНИТ ниқоб аз рӯйи наҳзатиҳо бардошт. Чи тавре ошкор гардид наҳзатиён бахше аз ташкилоти террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” буда, саропо аз фитнаву дуруғ таркиб ёфтаанд. Наҳзатиҳо бо ақидаи тундгароёнаи худ амалҳои нопокашонро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна паҳн кардан мехостанд. Ҳамаи ин хиёнату ҷиноятро роҳбарони ҳизби наҳзати ислом ба хотири маблағҳои ҳангуфте, ки аз хориҷа ба даст меоварданд ба иҷро мерасониданд ва аз амалҳои ҷинояткорона, хоинона, ғайри инсонӣ ва ғайри исломии худ дар вақти муайянгардида ба хоҷагонашон оиди супоришҳои гирифта ва иҷрои онҳо ҳисобот медоданд.
Имрӯз эшони Қиёмиддин иқрор аст, ки тамоми амалҳояш бар зарари мардум буд. Дар натиҷаи онҳо ҳазорҳо одамон бехонаву ҷой, кӯдакони зиёд ятим ва миллионҳо сокинон гуреза гардиданд. Ӯ иқрор аст, ки гунаҳкори асосӣ наҳзатиёнанд. Ба наҳзату пайравонаш нафрат дорад. Аз амалҳои зишти кардаи хеш бар зидди давлату миллат пушаймон аст. Бо илтиҷо аз мардуми азияткашидаи кишвар бахшиш мепурсад. Оё мардум роҳбарони гуруҳеро, ки ба ҳар хонадон зарари моддӣ маънавӣ ва ҷонӣ расонидаанд, мебахшида бошанд? Оё чунин узрхоҳӣ “Узри бадтар аз гуноҳ” нест?
Сафар Халилов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg