БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилон хизматгорони халқанд

ДӮСТӢ. Дар ҳавзаи интихоботии №29 воқеъ дар муассисаи таълимии №27-и  ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия таҳти назари Комиссияи интихоботӣ баргузор гардид.

Дар ҳавзаи интихоботӣ Амина Юсуфӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи   ноҳияи Дӯстӣ пешбарӣ гардида буд. Дар маҷмӯъ Амина Юсуфӣ лоиқи боварии интихобкунандагон шуда, сазовори 89% овоз гардид.

Амина Юсуфӣ айна замон дар вазифаи сармутахассиси Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дӯстӣ фаъолият дошта, ӯ ҳамчун кадри ҷавон баҳри баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занони деҳот,  пешгирӣ аз бекоршавии оилаҳои ҷавон ва солимии маҳал кӯшишу талошҳои зиёд карда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg