БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оташи меҳри Ватан бояд фурӯзем аз ҳунар…

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар деҳаи дурдасти Пушёни болои ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева бо сокинон ва наврасону ҷавонони деҳа вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимнан Гулрухсор Мирзоева дар баромади худ қайд кард, ки дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонон омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад.

Соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон-Тоҷикистон яке аз дастовардҳои беназири миллати мо дар тӯли таърих мебошад. Ҳар як халқу миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарзандони донишманду хирадманд, адибони нотакрор, роҳбарони одилу хайрхоҳ, созандаву бунёдкор ва аз ҳама муҳим бо фарҳангу ҳунарҳои милииаш мешиносанд. Шахсиятҳое, ки чунин хислатҳоро доро ҳастанд, мояи ифтихор барои насли имрӯзу оянда мебошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg