БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва анъанаҳои неки ниёгон

ВАХШ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида   дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «8-март» -и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи “Фарҳанг муаррифгари муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа”  чорабинии фарҳангӣ  доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур занону гулдухтарони ҳунарманди деҳа ҳунарҳои дастии худро  ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар рафти чорабинӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон аз ҳунарҳои занону гулдухтарони ҳунарманд дидан намуда кайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз иқдомҳои хирадмандонаву давлатсози Сарвари кишварамон мебошад. Кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар буда, аз манфиат холӣ нест, аз  ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Дар охир иштирокчиён минатдории хешро барои дасгирӣ ва аз нав эҳё кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg