БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг таҷассумгари симои маънавии халқ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар маҳаллаи Туғаланг 1 ва  3-и  ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва мовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва чорабинии фаҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Абдулҳаев Маҳмадсаид доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мардуми маҳалла, аз ин ташаббуси дурандешонаи Пешвои миллат шоду хурсанд буда, миннатдории хешро изҳор доштанд.

Дар охир иштирокдорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дидан карда, ба ҳунари ҳунармандон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg