БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эълон шудани озмунҳо боиси хушҳолии сокинони маҳал гардид

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани сокинон ба  корҳои хонагӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ байни бонувон, махсусан байни ҷавонони завқи баланди эҷодкоридошта ва ба ин васила дарёфти ҳунармандон озмунҳои «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ сатҳи маҳал” эълоншударо натиҷагирӣ карда истодаанд.

Бошандагони маҳаллаи Сармантой-1 озмунҳоро бо хушнудӣ пазируфта, баргузории чорабинии вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо  шавқу завқи зиёд ташкил намуданд.

Дар чорабинӣ масъулони Кумитаи иҷроия, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилони ҳизбӣ ва сокинони маҳал иштирок доштанд.

Дар ҷараёни баромадҳо оид ба  муҳтавои самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва анҷом додани корҳои хайру сахо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани   Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ  карда шуд. Ҳамзамон, оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои 27-соли даврони соҳибихтиёрии кишварамон баромадҳо шунида шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ аз ҳавзаи нтихоботии №23  Абдулҳаев Абдухалил  оид ба  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҳарф зада, қайд намуд, ки иҷрои ин қонунҳои муҳими давлатӣ, ки бешак ба беҳтар шудани шароити зиндагии ҳар як оила аст,  қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Макони чорабинии сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо шиору овезаҳои ҳизбӣ  ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинони маҳал, аз қабили  кашидадӯзиҳои гуногун, маҳсули ҳунари кандакорӣ, оҳангарӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ оро дода шуда буд.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо ва дар ин росто роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти  унвони ”Якҷоя ҳал мекунем!” бо тасмими сокинони маҳаллаи Сармантой-1 дар маркази деҳа майдончаи хурди варзишӣ сохта ба истофода дода шуд, ки  ин амали хайр боиси хушнудии ҷавонон гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg