БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯриҳо дар сатҳи маҳал самараи дилхоҳ медиҳанд

ЁВОН. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъ ва манзалати зан-модари тоҷик баланд бардошта шуда, имсол бонувони ҳунарманди Тоҷикистон шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ва сулҳу суботи ҷовидона намуда, ҳунарҳои мардумии хешро тақвият бахшида истодаанд.

Чанде қабл бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Чоргул чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар он  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони Беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра ва Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва доир ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева зимни суханронии хеш занону бонувонро барои иштироки фаъолона ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбии «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ сатҳи маҳал» даъват намуда, таъкид ба амал овард, ки ғолиби Аксия ва озмунҳоро туҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ интизор аст.

Дар охир аз ҷониби бонувони ҳунарманди деҳаи Чоргул   ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg