БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни лаънатӣ ба найрангбозиҳои худ идома дода истодаанд

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо аз саҳифаҳои интернет навори муноқишаи ҷанҷолу кашмакашӣ дар Варшаваи Лаҳистон аз тарафи намояндаи ҳизби наҳзати ба ном исломиро дида, боз воқеаҳои солҳои гузашта- қатлу куштор, хунрезӣ, бехонаю дарӣ, нотинҷию нооромии халқи тоҷик пеши назарамон ҷилвагар шуд.

Аз навор бармеояд, ки то ҳол ТТЭ ҲНИ фаъолиятҳои худро берун аз кишвар идома дода истодааст ва барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ аз ҳар минбар истифода мекунанд.

Андешаҳои сахту эҳсосӣ. Андешаҳое, ки гувоҳӣ аз ноиттифоқӣ ва бозиҳои пасипардагии мухолифони наҳзатӣ, ки имрӯз Аврупоро нишемангоҳи худ интихоб кардаанду гиллаву надоматро ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон ва Ватани хеш равон мекунад. То ба кай ин нохалафон худро бегуноҳ меҳисобанду фарзандони ин сарзамини тоҷиконро гунаҳгор. Онҳо хайёл карданд, ки Саидзода Муродро ба монанди ҷавонони гумроҳ, фирефтаи шиорҳои беасосу суханони худ мекунанд. Лекин ба мақсадашон нарасиданд. Ин хиёнатҳо бо дастури роҳбарони ТТЭ ҲНИ гувоҳи он аст. Ин хиёнати аввалини наҳзатиҳо нест, балки онҳо хиёнатро дар солҳои 90-уми асри гузашта оғоз карда  буданд. Дар 27-соли Истиқлолияти давлатӣ  низ мо борҳо шоҳиди хиёнатҳо гардидем, ки аз тарафи наҳзатиҳо сар задаанд. Имрӯз ҳар фарди миллати тоҷикро зарураст, ки  чунин амалҳои ноҷавонмардонаро маҳкум намояд  ва пеши роҳи ин душманону бадхоҳони миллат, яъне наҳзатиҳоро гирем.

Ин ҷавонмарди ватандӯст Саидзода Мурод, ки ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар Варшава ширкат меварзид, барои рафтор ва кирдори ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо, ки боиси нооромии ҷомеа мегардид, зуд ва дар ҷояш огоҳонида шуд. Зеро Тоҷикистон чунин ҷавонмардони шуҷои далеру нотарс ба монанди Саидзода Мурод зиёд дорад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки наҳзатиҳо аз дур истода, худро  фарди  миллату Ватани азизамон -Тоҷикистон меҳисобанд. Миллат гуноҳи шумою шумобаринҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Агар заррае ватандӯсту ватанпарвар мебудед, дар Ватан софдилонаю содиқона хизмат намуда, дар рушду нумуи Тоҷикистон ҳисса мегузоштед.

Тоҷикистони азизи мо дар тӯли 27 соли Истиқлолият тавассути роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст, дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ пойдор аст, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта, дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст, шукргузорӣ менамоем. Дар Тоҷикистон ягон фассодӣ ва ноадолатии сиёсию иҷтимоӣ дида намешавад, ҳама тинҷу ором бо меҳнати софдилона ба халқу Ватан хизмат намуда, дар зери осмони софу беғубор ҳаёт ба сар бурда истодаанд. Лекин ин қадар нооромиҳоро баҳри чӣ аст, танҳо ба оила ва авлоди хеш зарар мерасонед. Чи хеле, ки дар урфият гуфтаанд, бадхоҳи касон ба мақсад намерасанд.

Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, бо зиёда аз 140 давлати дунё робитаи сиёси, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Имрӯз Тоҷикистон Артиши миллии пуркуввате дорад, ки марзу буми хешро муҳофизат мекунад.

Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем, ки миллати тоҷик  истиқлолияти комил ба даст овардааст.

Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.

Имрӯз мо сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз менамоем, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расида, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми  миллати хеш донем, аз неъмати  бузурги Ватану ватандорӣ  ифтихор  карда, барои Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Ватанзода Сайидҷаъфар-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg