БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту тараққиёти имрӯза аз Барномаи созандаи ҲХДТ сарчашма мегиранд

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Кавлуч бо сокинон ва фаъолони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон кушода, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон андешаронӣ карда, инчунин сокинонро барои роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” раҳнамоӣ намуд.

Дар охир вакили мардум дар деҳаи болозикр Назаров Забир оид ба пешгирии шаҳрвандон аз ҳизбу гурӯҳҳои дар кишвар мамнуъ, хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳодисаи нангини сайёҳони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара аз ҷониби аъзои гурӯҳи муташаккили аъзои ТТЭ ҲНИ ба вуқӯъ пайваст, ҳарф зада, ҷамъомадагорно бори дигар аз амалҳои муғризонаву ватанфурӯшонаи хоинони давлату миллат огоҳ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg