БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмунҳои ҳизбӣ ба хотири ҳавасмандгардонии мардум роҳандозӣ гардидаанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон доир гардид.

Зимнан Абдуллоева  Шоира дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз нав ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон,  сафарҳои кории  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ба шаҳри Хоруғ ва Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуда, инчунин  дар ин раванд озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”-ро ба ҳозирин фаҳмонид.  

Ҳамзамон вакили Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз  аз ҳавзаи интихоботии №-8 Қурбонова Гулхумор дар мавзӯъи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадифи солим нигоҳ доштани  маънавиёти ҷомеа, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артишми миллӣ, баҳри ҳимояи  марзу буми кишвар, рушди хунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват  намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg