БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои ватанфурӯшонаи ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъро мардум маҳкум карданд

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали  тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маорифчиён” бо  иштироки  васеъи  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи  “Баланд  бардоштани  огоҳии  мардум  дар  мавриди  хатари  террориму экстремизм бо  мақсади  пешгирӣ  аз  ҷалби  шаҳрвандон ба  ташкилотҳои  экстремистӣ”  баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ  мудии шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Муродов Раҳмон иштирок дошта, дар назди  ҷамъомадагон  оид ба  баланд  бардоштани  интизоми  ҳизбӣ бо  мақсади   тақвият  бахшидан ва  риояи  муқаррароти   қонун,  оқибатҳои  ногувори  қонуншиканӣ дар соҳаи маориф,  тарбияи насли  наврас дар  руҳияи  хештаншиносию  худогоҳӣ,  дар  амал  татбиқ  намудани   дастуру  супоришҳо ва  ҳидоятҳои  Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон    дар  сафари  кории  худ  дар  шаҳри  Хоруғи  ВМКБ андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат  атрофи  пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  аз ҳизбу  ҳаракатҳои  мамнуъ,  амалу кирдорҳои   ватанфурӯшони аъзои ТЭТ ҲНИ  ва   гурӯҳхои   ҷиноятпешаи хоинони  давлату  миллат дар  хориҷи  кишвар  фаъолиятдошта, истифодаи  дурусти фазои  иттилоотӣ, сари  вақт  вокунишҳо  намудан  ба  хабару  мақолаҳои  иғвоангез,  ҳарчи   бештар  огоҳ  намудани   мардум аз  ҳодисаҳои  нанговари  вақтҳои  охир  рухдода ва  пешгирии  минбаъдаи  содиршавии  чунин  кирдорҳо  ибрози ақида намуд.

Дар рафти суханронӣ мавсуф аз ҷамъомадагон  даъват  ба амал овард, ки корҳои  фаҳмондадиҳиро  дар муассисаҳои  таълимӣ, дар байни  омӯзгорону  хонандагон  ва деҳаву  маҳаллаҳо масъалагузорӣ  карда,   дар  шабакаҳои   иҷтимоӣ,  аз ҷумла  фейсбук  дар  шакли  маҳкум кардани  чунин  амалҳоро  инъикос  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg