БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба манфиати сокинон мебошанд

ПАНҶ.Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ҳизбӣ озмунҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал» эълон шудааст.

Мақсад аз баргузории озмунҳо дастгирии  моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани сокинон ба корҳои хонагӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила дарёфти ҳунармандони асил мебошад. Сокинони маҳал, эълон гардидани озмунҳоро бо хушнудӣ пазируфта, баргузории чорабинии вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо  шавқу завқи зиёд роҳандозӣ карданд.

Ба ин муносибат аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ба номи “Ҳасан Шеров”-и ҷамоати деҳоти Озодагон бо тасмими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсиро роҳандозӣ намуданд.

Сараввал, мудири шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Раҳимова Моҳистон  баромад намуда, зимни суханронӣ оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардани соли 2018 андешаронӣ намуда, қайд кард, ки  ин иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат ба манфиати сокинон буда, мақсад бо шуғл фаро гирифтани занону ҷавондухарони деҳот ва дар ин росто эҳё намудани  фарҳанги миллии ниёгон мебошад.

Баъдан, масъулини Кумитаи иҷроия вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва анҷом додани корҳои хайру сахо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани   Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромадҳо шуда, қайд шуд, ки аз тарафи якчанд нафар шахсони саховатпешаи маҳаллаи  мазкур ба 3 оилаи ниёзманди маҳал, ки яке аз онҳо оилаи маъюбон мебошад, кӯмакҳо  расонида шуд.

Файзиев Каримҷон оид ба амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон анҷом дода шуд, ибрози андеша намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки душманони миллат ба ҳар роҳу усул кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ному тоҷику Тоҷикистонро доғдор намуда, дар миқёси олам кишвари моро бадном созанд. Ин амалҳо бо дастони ҷавонони фирефтаву гумроҳ ва бо нархи гарон харидашуда иҷро карда мешаванд. Дар идома аз калонсолон даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии  миллӣ саъю талош варзанд. Ҳамзамон, аз ҷавонон низ даъват ба амал оварда шуд, ки ба дассисаву ваъдаҳои дурӯғини хоинони миллат дода нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳифзи ваҳдату истиқлолияти кишвари озоду соҳибихтиёрамон Тоҷикистони ягона ва маҳбуб омода бошанд.

Дар ҷамъбаст ба якчанд нафар сокинони махал, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ  фаъолона иштирок менамоянд, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ супорида шуд.

 

                                                                          

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg