БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба тарбияи ахлоқиву маънавии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ бояд дод

ПАНҶ. Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №4-и ноҳияи Панҷ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо омӯзгорони ин даргоҳ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни  баромадҳо масъулин  оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни ҷавонон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа  суханронӣ намуданд.

“Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад  аз неъмати бебаҳои  Истиқлолият баҳра  гирад, дар дунёи давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад”-ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумиро дар рушду нумӯи кишвар ва тарбияи ахолоқиву маънавии ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон равшан сохта, дар ин росто барои амалӣ намудани онҳо вазифаи ҳар як сокини кишварро муайян сохт.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ  дар хусуси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва пешгирии ин амали даҳшатбор андешаронӣ гардида,  қайд шуд, ки он ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил мегарданд ин бесаводӣ ва гумроҳии онҳоро нишон дода, шаҳодати аз таълиму тарбияи волидайн ва омӯзгорон дур мондани онҳо мебошад.

Дар охир, аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари таълими фанҳо ба тарбияи ахлоқиву маънавии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg