БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа асоси рушду нумӯи давлат аст

ВОСЕЪ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимнан Ситамова Роҳила бо табибони беморхонаи мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, иброз намуд, ки бемории сил ҳангоми ташхиси саривақтӣ, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа табобатшаванда мебошад. Табобати бемории сил танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи мубориза бар зидди беморӣ аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.

Табибони беморхонаи номбурда қайд намуданд, ки нишонаҳои умумии бемории фаъоли сил – ин сулфаи зиёда аз 2 ҳафта, бо балғам ва баъзан бо хун, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақкунии шабона мебошанд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми фаҳмидан ва ё маълум шудани нишонаҳои бемориҳои сил саривақт ба табибон муроҷиат намудан лозим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg