БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакили мардумӣ ба намоишгоҳи ҳунармандон ва фаъолияти ҳизбиён дар маҳал баҳои баланд дод

ВАХШ. Дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Сафарзода Бахтовар Амиралӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.

Вобаста ба чорабинии мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Файзбахш» омодагиҳои ҳамаҷониба дида, ҷиҳати амалӣ намудани яке аз  самтхои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши эъҷози ҳунарҳои  мардуми маҳалларо ба маърази тамошо  гузоштанд.  

Сараввал вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони деҳа дидан намуда, ба ҳунармандону косибон аҳсану офарин хонданд.

Сипас, вохӯрии аҳли деҳа бо вакили мардумӣ доир гардид, ки Сафарзода Бахтовар Амиралӣ  вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ кард.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада,  иброз дошт, ки маҳз  бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ халқи шарифи тоҷик имконият  пайдо карданд, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро фаромӯш накарда, аз нав онҳоро эҳё кунанд.

Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ ба намояндаи худ саволу дархостҳо пешниҳод карда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg