БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ҳунарҳои дастиро меомӯзанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Қизил-Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар робита бо ин вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳритуз Хушмуродов Саймурод вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, рафтору кирдору аъзои  собиқ Ҳизби Наҳзати исломӣ дар ноҳияи Данғара, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардиданд, суханронӣ намуд аз тарафи иштирокчиёни чорабинӣ ин амалҳои номатлуб сахт маҳкум карда шуданд.

Ҳамчунин намоиши ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шуда масъулин аз он дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg