БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи талаботи қонунҳо моро аз ҳама бадбахтиҳо раҳоӣ мебахшад

ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳамин ҳавзаи интихоботӣ, корманди маркази мубориза ба муқобили бемории сирояткунандаи ВНМО/СПИД дар маҳаллаи Дашти Қавақи ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, дар назди ҳозирин мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия  Ш.Набиев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан ронда, иштирокдоронро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои аз Паём бароянда ва дигар талаботҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ҳидоят намуд. Чунончи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти маблағи барқи истфодашуда давлати моро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил мегардонад.

Мубориза ба терроризм ва экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, коррупсия ва решакан намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ, риояи урфу одат,  анъана ва фарҳанги миллӣ дар  мамлакати мо сулҳу субот ва ҳаёти хушбахтонаро пойдор мегардонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халки ноҳия аз ҳавзаи интихоботии рақами №6 Гулҷаҳон Сафарова дар назди ҳозирин дар мавзӯъи «Риояи талаботҳои қонун моро аз ҳама бадбахтиҳо раҳоӣ мебахшад» баромад намуда, риояи қонунҳои ҷориро вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат арзёбӣ намуд.  Имрӯз ҳам ҳастанд гурӯҳҳое, ки ба қонун итоат намекунанд. Ин гуфтаҳоро аз баромади Пешвои миллат ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вохӯрӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ бараъло мушоҳида намудем қайд доши вакили мардум дар идомаи баромади худ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg