БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба мардум ғамхорӣ ба фардои Ватан аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фрунзе» вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид.

Дар рафти мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаҳои расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, маъюбон ва бепарасторон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар дораи  иқрори  Аёмиддин Сатторов, ки дар амалҳои террористӣ даст дошт муҳокима карда,  иштирокдоронро аз  хавфу хатарҳои  амалҳои  ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ огоҳ карда аз онҳо хост, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg