БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон- дар ҳар ваҷаб заминат таърихи куҳан нуҳуфтааст!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  деҳаи Новои ҷамоати деҳоти Лангардара атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир  гардид.

Вохӯриро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон кушода, доир ба   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ  намуд.

Баъдан Назарзода Толибҷон раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бораи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки Тоҷикистон  дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ-обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, барои сайёҳон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ макони хуби истироҳату табобат  аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg