ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи нақшаи тасдиқгардида дар самти шинохти фарҳанги миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» дар назди хонаҳои баландошёнаи шаҳри Левакант бо сокинон бо як ҳисси баланди миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор намуд.
Ҳунарҳои миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳангӣ- маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд. Дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон саҳми босазои худро гузоштанд. Ҷавондухтарон низ бо нақшу нигори чакандӯзӣ, арӯс бо либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордида бошад, бо хӯрокҳои миллӣ, шакароб, қурутоб, отала, далда, қалама ва намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки аз бобову бибиҳо ба мерос мондаанд, бо рақсу сурудҳои дилнишин дар баргузории чорабинӣ ҳусни тоза зам карданд.
Дар охир аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба фаъолон, ки саҳми худро дар чорабинии мазкур гузоштанд, бо Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.