БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати тақвият бахшидани робита бо маҳал оид ба  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Баҳористони  ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва вакилони ҷамоати номбурда   бо сокинон баргузор гардид. 

Зимни баргузории мулоқот  масъулин дар оид ба самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  андешаронӣ намуданд.     

Баъдан вакили ҷамоат Маҳмадзоир Маҳмадиев ва раиси Кумитаи маҳала Холов Урозалӣ, вобаста ба хониши сиёсӣ,  андешаҳои худро баён карданд.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 50  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд. Дар   намоиш   сокинони деҳаи Баҳористон намунаи дастовардҳои ҳунарии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ба ҳунармандону кишоварзони деҳа барои иштироки фаъолонашон  изҳори миннатдорӣ  баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg