БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-амалисози сулҳу субот барои давлат ва миллат

ҚУБОДИЁН. Дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши сокинони деҳаҳои Камароб ва Бошқалъа-и ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров гардид.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум сухан намуд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб мекунанд, ки ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз шаҳрвандон гардида истодааст.

Инчунин, дар идома  вакили Маҷлиси вакилони халқ Ҳ. Насриддинов оид ба  ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара бавуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4-нафари онҳо гардиданд, сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида, ҳоло ҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро балки  ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта умри ҷавониашонро барбод додаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg