БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳама якҷоя амалҳои ифротиро маҳкум мекунем!

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Бо аҳли ҷамоатчигӣ дар мавзӯъҳои  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва пешгирӣ аз он,  сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, анҷоми корҳои  ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат ороста шуд.

Зимнан Шаҳноза Раҷабова иброз намуд, ки мақсади аввалини гурӯҳҳои ифротӣ ин халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ба таҳлука овардани сокинон равона шудааст. Бинобар ин ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки пеш ҳама намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи хиёнат ва бегонапарастиро гирем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg