БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон дар ҳифзи солимии ҷомеа масъулияти баланд доранд

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тиббии Шифо» -и ноҳияи Вахш хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Баланд бардоштани маърифат ва масъуляти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов  баромад намуда, қайд кард, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни мардум  масъул  мебошанд.

Зикр карда шуд, ки дар баробари андешидани тадбирҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  инчунин дар андешаи мардум бедор намудани тафаккури риояи бечунучарои тозагию  санитарӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи тиб маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg