БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Самари ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар суҳбат аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф зикр карда шуд, ки имрӯзҳо мо дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ густариш ва пайдо шудани зуҳуроти асри нав терроризму экстремизм қарор дорем, аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандон, насли наврасу ҷавонро, ки оянда давлату миллат дар дасти онҳост дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сатҳи донишу малакаи сиёсиву фарҳангии тарбия намоем.

Ҳамчунин дар рафти хониши сиёсӣ чанд тан аз сокинони деҳаи номбурда ба масъулин саволҳо пешниҳод  намуданд ва онҳо  ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир  масъулин қайд карданд, ки баҳри ободиву созандагии диёрамон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода ҳар яки мову шумо бояд кӯшишу талош варзида, саҳми арзандаи худро дар корҳои бунёдкориву созандагӣ гузорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg