БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал ин сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагист!

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали мувофиқашуда оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Почтаи тоҷик»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки аз аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад, андешаронӣ намуда, дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум карда, минбаъд ҷиҳати пешгирии хавфу хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ин раванд вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ин сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки Сарвари давлат дар назди мо кормандони ҳизб вазифа гузоштанд, ки бояд ҳамеша мардумро роҳнамоӣ кунем ва дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои мураккабу душвори онҳо кӯмак расонем. Ин масъулият вазифаи ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, ҳар як вакил ва аъзои ҳизб мебошад.

Кормандони ташкилоти ибтидоии “Почтаи тоҷик”, ки азбаски ба мардум наздик мебошанд бояд сатҳи баланди маърифатнокӣ, хислатҳои неки инсонӣ ва касбиятро доро бошанд.

Хониши сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳо қаноатбахш гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg