БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон дар пайи меҳнати софдилонаи миллати Ватандӯст обод гашта истодааст

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи  Ғофилободи убараи ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва намояндаи ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва сафар баркардани онҳо ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, коррупсия, нашъамандиву нашъаҷалобӣ  ва расидан ба қадри неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ  андешаронӣ карданд.

 Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвал идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg