БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст!

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварзон» -и деҳаи Тоҷикистони ҷамоати деҳоти Ғалаба вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ дар назди ҷамъомадагон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар, Далер Раҳмонов ва вакили маҳаллӣ Ахунов Абдулхайр иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Шаҳбози Искандар дар баромади худ афзуд, ки деҳаи мазкур дар масофаи наздик бо сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қарор дошта, дар назидикии ҳамин деҳа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуда, амалиёти террористӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа ду сокини ноҳия ба ҳалокат расид.

Инчунин, масъулин  ҷиҳати маҳкумнамоии ин амалӣ ҷиноӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум дар мавриди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва мубоирза бар зидди онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст. Ба Ватани мо омилҳои хатарбори зиёде, мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ таҳдид менамоянд. Ин воқеият ба оромию суботи минтақа ва Тоҷикистон хатар дорад. 

Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, вазъият таҳти контроли нерӯҳои ҳарбии сарҳадӣ қарор дорад ва ҳеҷ ҷойи тарсу ваҳм нест, танҳо моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ҳолатҳои зарурӣ бар зидди чунин гурӯҳҳо мубориза барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg