БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар рушди ҷомеа саҳми арзанда доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо саҳмдорони Ташкилоти ибтидои “Хоҷагии деҳқонии Бобогулов”  вобаста ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маънидод карда шудааст ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир карда шуд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб зикр кард, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои мардуми тоҷик, хусусан занони хонашини деҳот  имконият фароҳам овард, ки  бо рушди ҳунарҳои мардумӣ ба сатҳи зиндагонӣ худ беҳбудӣ бахшида, фарҳанги миллатро дар арсаи байналхалқӣ  муаррифӣ намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша карда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки сиёсати Сарвари давлат ҳар яки фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg