БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҲАМАДОНЙ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Сафаралӣ Шарифзода ва Фирӯз  Пиров барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Анҷиркони ҷамоати деҳоти Паҷрӯд вохурӣ гузарониданд.

Масъулин дар назди сокинон дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли тақвияти робита бо маҳал, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ роҳнамоӣ намуданд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳунарҳои мардумии сокинони деҳаи Анҷиркон аз наздик шинос шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg