БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Имкониятҳои сайёҳии мо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ аст

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроия Насим Сабурзода, ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Фарҳод Обидзода вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сокинони маҳаллаи Баҳор вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсули дасти чеваронро ба намоиш гузошта буданд, ки касро ба ҳайрат меовард.

Ҷумагул Шомаҳмадова зимни баргузории чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Мақсад аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин эҳё ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg