БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар заминаҳои рушди фарҳанги миллӣ мебошанд

ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ-сиёсии бо ҷалби сокинон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Вахёи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  фаъолони маҳалла ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Вахё” иштирок намуда, дар он мудири шуъбаи таблиғот, итттилотт ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Холов Диловар суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд гардид, ки соли 2018 барои ҳунармандони аслӣ соли сайқал додани ҳунарашон буда, ба ин васила  сокинонро ба ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб месозанд.

Аслан тоҷикон аз қадимулайём эҷодкор, ҳунарманд ва фарҳангдӯст ҳастанд. Имрӯз оламиён бо ҳунари аҷдодии мо тавассути маҳсули заҳмати ҳунармандони асил, дар намоишгоҳҳо дар шакли армуғонҳо ва дигар намудҳои маҳсулоти туҳфагӣ  шинос шуда, онро эътироф намудаанд.

Дар идомаи чорабинӣ  иштирокдорон бо намоиши маҳсули хунари сокинони маҳал, аз қабили чакандӯзӣ,  қуроқдӯзӣ, сӯзанию деворӣ ва намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ ошноӣ пайдо карданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти маҳаллаи мазкур иброз доштанд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима оварда расонид,  хушнуду сарфароз буда, баргузории чунин чорабиниҳоро иқдоми нек шумориданд. Вобаста ба ин, онҳо  бо ҳавасмандии зиёд   ҳунарҳои хешро тақвият  бахшида, ҷавондухтарони деҳотро барои ҳунаромӯзӣ  бештар ҷалб намуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg