БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ривоҷу равнақи ҳунарҳои аҷдодӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар деҳаи ба номи Маҳмадалӣ Ғаффорови ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур сокинони деҳа ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз рафти ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба намоиши мазкур баҳои баланд доданд.

Зимни чорабинӣ– мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Раҳимова Шаҳло ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Аҳророва Дилафрӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Изҳор карда шуд, ки эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин такя намудан ба фарҳангу адабиёти тоҷик аст. Ҳар чӣ қадар сатҳи маданияти мо баланд бошад, ҳамон андоза санъати офариниш дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ зиёд мегардад.

Дар охир таъкид шуд, ки ҳар як ҳунарманд вазифадор аст, ки бо интихоби беҳтарин ғояҳои ватандорӣ асарҳое эҷод намояд, ки аввалан барои эҳтиёҷи мардум ва дуюм ҳамрадифи замон бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg