БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хушҳолии толибилмон аз роҳандозии Аксияи ҳизбии “Мактаб-даргоҳи маърифат”

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  сазовор  истиқобол  намудани  ҷашни  27-  умин  солгарди  Истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  маҳаллаи  Олтинсойи  ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  ҷалби  аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан”,  аъзо   ва ҷонибдорони  ҲХДТ бо  иштироки  васеи сокинон  дар   бинои  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  7  Аксияи  ҳизбӣ  таҳти  унвони   “Мактаб-даргоҳи  маърифат”-ро  баргузор  намуд.

Дар Аксияи ҳизбӣ раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  иштирок дошта, зимни андешаронӣ  қайд  намуд, ки  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  имрӯзҳо  дар  арафаи  ҷашни пурифтихори миллат  27-умин солгарди  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бо  мақсади  дасти  ёрӣ  дароз  намудан  ба  оилаҳои  ниёзманд ва ятимон  дар  оғози  соли  нави таҳсил  иқдом  гирифтем  як  гурӯҳ  кӯдакони  оилаҳои  ниёзманди  маҳалларо  бо  либос  ва  лавозимоти  хониш аз ҷумла  ба  10  нафар  хонандагон  лавозимоти  мактабӣ   ба  маблағи  500 сомонӣ тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg