БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар баробари деҳаву маҳаллаҳо корхонаву муассисаҳо низ ба аксияву озмунҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо ва хонишҳои сиёсӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксуғурта»-и ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Раиси ташкилти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксуғурта» Кенҷаев Иброҳим дар бораи ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа андешаронӣ кард.

Баъдан Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Аксияиҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Якҷоя ҳал мекунем!», «Мактаб даргоҳи маърифат» ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин  муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар сатҳи маҳал», «Армуғони хатлонӣ»  суханронӣ намуда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои воло, ҳифзи дастовардҳи бузурги  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg