БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонишҳои сиёсӣ боиси такмили маънавиёти кормандон мегарданд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ватан» доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолити ҲХДТ суханронӣ намуда, ёдовар шуданд, ки имрӯз Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд карда, ободу шукуфон гашта истодааст.

Аммо боиси таасуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд. Шуморе аз сокинони кишварамон  хориҷ аз кишвар ба суйи мо санг мезананд ва  аз ин пешрафту тараққиёти кишвар изҳори нодидагӣ мекунанд. Аз он ҷумла миссионерҳои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ, равияи Салафия, ДИИШ, ки шаҳрвандони аз худ ноогаҳу торикбинро ба ҳар роҳу усулҳо ба худ ҷалб намуда, онҳоро васеъ ба манфиати хеш истифода мебаранд. Чунин ташкилотҳои террористию ифротгаро ҷомеъаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, мо низ ба ин мақсад омадем, ки мардумро аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ намоем ва бар зидди онҳо муборизаи дастаҷамъона барем.
Бо мақсади тақвият додани робита бо маҳал ва баланд бардоштани донишҳои фарҳангӣ ва сиёсии сокинон дар ҳама деҳаҳои ҳудуди ноҳия ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис додаем ва бо ин мақсад бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пеш бурда истодаем.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер баромад намуда, қайд намуд, ки шукру сипоси беандоза ба Пешвои миллат, ки барои мо тоҷикон сулҳ овард ва миллати тоҷикро ҳамчун, миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг муаррифӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg