БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматрасонии тиббӣ ба мардум рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси  ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар беморхонаи минтақаи  Кангурти ноҳия   баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир иштирок ва дар  мавзӯъи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, беҳтаргардонии сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба мардум, мубориза бар  зидди терроризм, экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он андешаронӣ намуданд.

Баъдан дар идома кормандони  беморхонаи минтақаи  Кангурт Одинаев Шодихон ва Миразоров  Маҳмаисуф  вобаста ба хониши сиёсӣ ба беҳтарсозии хизматрасонии  тиббӣ   дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ карданд. 

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ  Раҷабзода Маҳмадсаид  иштирокдоронро даъват  намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои гирифтаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg