БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги аждодиамон аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.

Сараввал мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фирӯза оид ба моҳияти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан карда, қайд намуд, ки бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фарҳангу маданияти миллати тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ хоҳем кард.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён супоридани андоз аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулотҳои хонагӣ, аз қабили бофтани сабад, сохтани ҳар гуна ҷевон, мизу курсӣ ва бо усули анъанавии нақшу нигор намудани он масъалагузорӣ карда шуд.

Абдураҳимова Фирӯза  ба иштирокдорон фаҳмонид, ки тибқи дастури Сарвари давлат аз истеҳсол ва ба фурӯш баровардани ҳунарҳои мардумӣ инчунин сохтмони иншоотҳои гуногун марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз супоридани ҳаргуна андоз озод карда шудааст.

Дар фароварди вохӯрӣ ҳунарҳои мардумии деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд, ки баҳои баланд гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg